Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд, баҳсҳои марзӣ бо кишварҳи ҳамсояи Қирғизистон, мушкилоти хариди билет барои сафар ба Маскав, фаро расидани моҳи шарифи Рамазон ва даргузашти Иқбол Тешаев рӯзноманигор ва сухангӯи раиси шаҳри Исфара аз мавзуҳои меҳварии нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
“Ҷумҳурият”
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 7 апрел аз ҷараёни сафари кории президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд гузориши муфассал чоп карда, навиштаст, ки тайи ин сафар Пешои миллат дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо рафти омодагиҳо ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ошно шуда, дар маросими кушодавашии як силсила иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ ширкат карданд.
“Ҷумҳурият” дар дар мақолае бо номи “Тухмипарварӣ. Соҳа ғамхории сидқӣ мехоҳад, на сатҳӣ”, мавзуи истифода аз тухмиҳои маҳалии зироати кишоварзӣ дар Тоҷикистонро матраҳ карда, навиштааст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби олимони кишвар 240 тухмии зироат ихтироъ шуда, то имрӯз 129 номгӯй минтақабоб гардида, мавриди истифода қарор дорад.
Муаллифи мақола Муҳаммади Саидвалӣ дар идома навиштааст, ки айни замон беш аз 10 ҳазор навъи зироати тухмии аз лиҳози ҳосилнокӣ озмудашуда дар Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ нигаҳдорӣ мешавад, аммо бо ин вуҷуд ҳанӯз бисёре аз деҳқонони кишвар бештар аз навъҳои тухмии воридотӣ истифода мебаранд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи муаллиф аксари касалиҳои зараррасони зироат аз тухмиҳои воридотӣ сар мезананд ва дар ин миён суоли матраҳ он аст, ки чаро деҳқонон аз тухмиҳои маҳаллӣ, бахусус ғалладона, картошка ва маҳсулоти полизӣ кам истифода мебаранд?
“Садои мардум”
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 8 апрел мақолае бо номи “Ворух марзи номус аст” чоп карда навишт, ки деҳоти «Ворух», ки ҳоло ҳамчун анклав шинохта шудааст, дар асл чунин набуд ва ин нуктаро аксар мансабдорони сатҳи гуногуни кишвар зимни нишастҳои матбуотӣ ва музокироти байниҳукуматӣ бо далелу санад исбот кардаанд.
Нашрия таъкид мекунад, ки сабаби асосии ин мушкилот ба собиқ роҳбарони ҳизбию давлатии Тоҷикистон вобаста аст, ки бо мақсади озод шудан аз андози замин қисмати зиёди заминҳои дар истифоданабудаи захираи давлатиро ба Қирғизистон гузашт намудаанд. Қирғизистон, бинобар ҷумҳурии чорводор будан, бо қарори Ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ аз додани андози замин озод буд. Аз ин хотир, бо гузашти солҳо хатти сарҳади онҳо аз теғаи кӯҳҳою баландиҳо «хазида», ба ҳамворӣ фаромад ва то маҳалҳои зисти тоҷикон расид».
Ба хулосаи муаллиф мушкилоти Ворух ҳоло ба масъалаи умумимиллӣ табдил ёфта, ҳар вақт хабаре аз Ворух ё дар бораи Ворух паҳн мешавад, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, новобаста ба мавқеи сиёсиву иҷтимоӣ, муттаҳид мешаванд ва бо як овоз аз миллат ва давлат ҳимоя менамоянд. Табиист, ки изҳороти мақомдорони давлати ҳамсоя ва амалҳои тавсеаталабии онҳо аҳолии кишварро ба хашм меорад, аммо ҳанӯз ҳам умед доранд, ки масъала бо роҳи дипломатӣ ҳал хоҳад шуд.
Рӯзномаи “Садои мардум” дар мақолаи дигаре ин саволро матраҳ кардааст, ки чаро ширкатҳои дорусозӣ ҳавасманди тақвияти иммунитет нестанд?.
Ба навишати муаллиф қисмати зиёди доруворӣ ба кишвар аз хориҷа ворид мешавад ва дар ин миён чанд доруи ихтироъкардаи олимони тоҷик дар амалия самаранокиашонро нишон додаанд, аммо ба бозори доруфурӯшӣ роҳ намеёбанд.
Муаллиф менависад масалан, «Тимогар», «Тимотсин» ва «Тимофер», нӯшдоруҳои «Авитсенна», «Сиёҳдона» ва маҳлули пошандаи «Антиковид- 19», ки олмиони тоҷик ихтироъ кардаанд, масуниятро қавӣ ва шифоёбии беморонро метезонанд.
Ба хулосаи муаллиф мутаассифона, дар муассисаҳои тандурустии кишвар ба давоҳои ватанӣ, ки аксар аз гулу гиёҳҳои диёр тайёр шудаанд, кам таваҷҷуҳ зоҳир намуда, як қисми табибон бошад ба тарғибкунандагони доруҳои ширкатҳои хориҷӣ табдил ёфта, чандин маротиба бо маблағи онҳо берун аз кишвар ба саёҳат рафтаанд.
“Asia-Plus”
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 8 апрел мақолае бо номи “Ворух чӣ гуна анклав шуд” чоп карда, таърихи баҳсҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро аз қавли Мирзошариф Исломиддинов раиси собиқи шаҳри Исфара ва иштирокчии чандинкаратаи музокироти байниҳукуматӣ, бозгӯ кардааст.
Ба навиштаи муаллиф бори аввал ҷониби Тоҷикистон баъди низоъ дар соли 1974, ҳусни ният нишон дода ба кишвари ҳамсоя 300 гектар заминҳои атрофи Ворух ба ҷониби Қирғизистон вогузор кард.
Аммо сокинони наздимарзии кишвраи ҳамсоя ба ин иктифо накарда, баъдан дар солҳои 1989, 2014 ва 2019 бо ҳамла ба сокинони Ворух, даъвои заминҳои бештар карда, дар ин муддат бо бунёди деҳаи Оқ-сой Ворухро ба ҷазирақаламрав ё худ анклав табдил доданд. Муаллиф дар ин мақола таъкид мекунад, ки бар асари ин низоҳои марзӣ то кунун 17 шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷумлаи сокинони Ворух, Чоркӯҳ ва Хоҷаи Аъло кушта шуда, то ҳол нафаре аз сокинони Қирғизистон барои ин ҷиноятҳо муҷозот нашудааст.
“Тоҷикистон”
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 7 апрел мақолае дар мавриди мушкилоти хариди билети ҳавопаймо барои парвоз аз душанбе ба Маскав нашр карда, навиштааст, ки решаи ин бесарусомонӣ инҳисори бозори чиптафурӯшӣ аст.
Ба навиштаи муаллиф бо вуҷуди ҳушдори Агентии авиатсияи гражданӣ ва дахолати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъалаи гаронии билети ҳавопаймо дар масири Душанбе-Маскав ҳалли худро наёфт.
Дар робита ба ин мавзуъ нашрия нархи билети парвоз аз кишварҳои Осиёи марказӣ ва Маскавро қиёс кардааст.
Қимати чиптаи рафту баргашт аз Душанбе ба Маскав беш аз 5800 сомонӣ арзиш дорад, аммо нахри билети Тошканд-Маскав-Тошканд 3800 сомонӣ, хатсайри Ашқобод-Маскав-Ашқобод наздики 3600 сомонӣ, Бишкек-Маскав-Бишкек ҳудуди 3200 сомонӣ ва Нур-султон-Маскав-Нур-султон наздики 4550 сомонӣ арзиш дорад.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар ин шумораи худ инчунин мусоҳиба бо Саидмукаррам Абдуқодирзода раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистонро дар мавриди моҳи шарифи Рамазон чоп кардааст.
Саидмукаррам Абдуқодирзода дар ин суҳбат гуфтааст, ки Рамазони имсол 13 апрел оғоз шуда, бар асоси шариати исломӣ беморон, занони ҳомила, занони кудаки ширхордошта ва афроде, ки корҳои сангин мекунанд, метавонанд рӯза нагиранд.
Инчунин ба гуфтаи вай барои Рамазони имсол фитри рӯза барои як нафар 6 сомонӣ, фидяи савм барои нафароне, ки имкони рӯза гирифтанро надоранд барои як рӯз 12 сомонӣ ва дар си рӯз 360 сомонӣ муқарра шудааст. Ҳисоби закоти мол бошад 25 ҳазор сомонӣ муаян шудааст, ки доронадаи он бояд 2.5 садсади онро закот бидиҳад.
“Фараж”
Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 7 апрел матлабе бо номи “Варзишгоҳе, ки чарогоҳ шудааст.” нашр карда, навиштааст, ки сохтмони варзишгоҳи марказии ноҳияи Кушониён ҳанӯз соли 2012 оғоз шуда, то ҳол ба итмом нарасидааст.
Ба навишати муаллиф барои сохтмони ин иншооти вразишӣ мебоист баш аз 5 млн 500 ҳазор сомонӣ ҷудо мешуд, аммо дар давоми 9 сол барои бунёди ин варзишгоҳ танҳо 700 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Дар ҳоли ҳозир бошад ба гуфтаи муаллиф, майдони варзишгоҳ ба чарогоҳи ҳайвоноти сокинон табдил шудааст.
“СССР”
Ҳафтаномаи “СССР” дар сармақолаи худ бо номи “Иқболи журналистикаи тоҷик рафт…” дар бораи фаъолият ва корномаи марҳум Иқбол Тешаев журналист ва сухангӯи раиси шаҳри Исфара, ки рӯзи 5 апрел дар 51-солагӣ вафот кард, матлабе навиштааст.
Ба гуфтаи муалииф Иқбол Тешаев бо тамоми дастгоҳи идеологии Қирғизистон, ки Исфара, Ворух, Чоркуҳро таҳти ҳамлаи иттилоотӣ қарор дода буданд, тани танҳо меҷангид ва ҳамеша аз ин набард пирӯз бадар меомад.
Давлатов З.