(акс аз РО)
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як изҳороти хурд хабари додани шиносномаи қалбакӣ бо номи Табаров Русланро рад кард.
Бино ба иттилои вазорат, тибқи маълумоти махзани ягонаи шиносномаҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № М005947 аз 25 02.2011, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ва воҳидҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ба шаҳрванд Табаров Руслан Ҳалимович санаи таваллудаш 23 октябри соли 1975, шиноснома дода нашудааст.
Гуфта мешаад ки ҳамчунин ба онҳо дархости расмӣ аз сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Чехия ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус ворид нагардидааст.
Бояд гуфт, ки чанде пеш дар расонаҳо хабаре мунташир шуд, ки гӯё яке аз ду нафар гумонбарони таркиши анбори силоҳ дар Ҷумҳурии Чехия шиносномаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Табаров Руслан Ҳалимович дошт.
Тавре расонаҳои кишвар то такя ба расонаҳои чехӣ навиштаанд, “моҳи октябри соли 2014 кормандони ГРУ-Сарраёсати ҷосусии вазорати дифои Русия бо истифода аз шиносномаҳои тоҷикӣ ва молдовӣ вориди хоки ин кишвар шудаанд ва ҷиноят содир кардаанд”.