Анн Линде бо Сироҷиддин Муҳриддин аз чӣ гуфтанд?

Имрӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия – Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мулоқот намуда, ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Шветсия, инчунин ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби САҲА-ро баррасӣ намуданд.

Хонум Анн Линде ва Сироҷиддин Муҳриддин, аҳаммияти муқовимати муштарак алайҳи чолишҳои муосирро, аз қабили таъсири бемории ҳамагирии COVID-19 ба иқтисодиёт, тағйирёбии иқлим, мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва киберҷиноятҳоро дар ин дидор таъкид намуданд.

Бино ба иттилои ВКХ С. Муҳриддин қайд намуд, ки Тоҷикистон САҲА-ро ҳамчун платформаи муҳим барои муколамаи созанда шуморида, ҷиҳати тавсеаи муносибатҳо бо Созмон дар доираи ҳар се ченак – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ ҳавасманд мебошад.

https://radiotoj.tj/2021/04/12/%d1%81%d0%b0%d1%84%d0%b0%d1%80%d0%b8-%d1%80%d0%b0%d0%b8%d1%81%d0%b8-%d1%81%d0%b0%d2%b3%d0%b0-%d0%b1%d0%b0-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d0%b4%d0%b0%d1%80%d0%bd%d0%b0/

Хотирасон мекунем, ки вазири корҳои хориҷии Шветсия Анн Линде ба ҳайси раиси САҲА дар идомаи ин сафари худ аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дидан мекунад. Тавре қаблан ВКХ гуфт, ӯ дар Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ мулоқот мекунад.

Сомонаи САҲА хабар додааст, роҳбари САҲА дар ҷараёни сафари худ ба Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон боздид мекунад. Сафари вай ба Туркманистон ба нақша гирифта нашудааст, аммо дар бораи сабаби он  хабар дода нашудааст. Намояндаи САҲА ба ҷои мулоқоти рӯ ба рӯ бо ҳамтои туркманаш аз тариқи иртиботи видеоӣ суҳбат хоҳад кард. 

Бояд гуфт, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Шветсия беш аз 20 сол ст, ки идома доранд ва аз соли 2002 инҷониб Ҳукумати Шветсия ба ҷараёнҳои марбут ба демократикунонии ҷомеа ва баамалбарории ислоҳоти иқтисодӣ таваҷҷӯҳи бештар медиҳад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *