Имрӯз панҷшанбе, 15 апрели соли 2021 аст.
Обу ҳаво
Имрӯз дар шаҳри Бохтар ҳавои бе бориш дар назар буда, ҳарорати ҳаво рӯзона то +28° ва шабона то +14° гарм мешавад.
Дар шаҳри Хоруғ бошад, рӯзона борони кӯтоҳмуддат борида, то +15° ва шабона бебориш буда, то +3° гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд ҳаво таёйирёбандаи бебориш шуда, рӯзона то +23° ва шабона то +11° гарм мешавад.
15 апрел дар шаҳри Душанбе дар баъзе холатҳо борони суст меборад. Ҳарорати ҳавао рӯзона то +23° ва шабона то +10° гарм мешавад.
Ба огоҳии Агентии обуҳавошиносӣ шабонарӯзии наздик дар ноҳияҳои кӯҳӣ, доманакӯҳии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Хатлон фаромадани сел аз эҳтимол дур нест.
Қурби асъор
Дар бозори асъор имрӯз арзиши як доллар ба 11,31 сомонӣ, 1 евро ба 13,54 сомонӣ ва 10 рубл ба 1,49 сомонӣ баробар аст.
Тақвими рӯз
Дирӯз бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар мамлакат Муассисаи давлатии телевизиони Тоҷикистон- «Илм ва табиат» ба фаъолият оғоз намуд. Барои маълумоти бештар Шумо метавонед ба сомонаи радиотоҷ.тҷ мурур намоед.
15 апрели соли 1951 дар Лондон нахустин чорабинии интихоби «Зебосанами ҷаҳон» доир гашт.
Дар ин рӯзи соли 1985 нашриёти «Шарқи Озод» таъсис ёфт.
Соли 1996 Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфтааст.
10 сол қабл, 15 апрели соли 2011 Сарвари давалат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро барои муҳокима ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.
15 апрел Рӯзи умумиҷаҳонии фарҳанг ва Рӯзи донишҳои экологӣ аст.
Бояд гуфт, ки имрӯз зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти муосир ва фарҳангу маданияти навини тоҷик устод Садриддин Айнӣ мебошад. Ҳамчунин, 15 апрели соли 1899 шоир, нависанда ва тарҷумони тоҷик Пайрав Сулаймонӣ таваллуд шудааст.
Ҷадвали барномаҳо
Ба таваҷҷуҳи шунавандагони Радиои “Тоҷикистон” мерасонем, ки дар соати 11:15 такрори радиомаҷаллаи “Бозтоб” ва дар соати 12:15 барномаи «Аз табори Хуршед» дар мавҷи мо пахш мешавад.
Барномаи мустақими «Беҳдошт», ки дар соати 13:15 ба эфир мебарояд, рушди саноати дорусозӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунад.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ сокинон дар ин шабу рӯз бештар аз болоравии нархҳо мегӯянд. Дар барномаи навбатии “Тафсири рӯз” ҳамкорони мо бо ҷалби масъулин дар соати 14:40 омилҳои болоравии нархи маҳсулот ва танзими онро баррасӣ мекунанд.
Дар соати 15:35 бошад, шумо метавонед дар мавҷи 104,7 фм дар барномаи «Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳон» бо ҳамкории Тоҷикистон бо СААД ошно шавед.
Соати 16:10 барномаи «Ҷавонон ва ҷомеа», соати 17:15 барномаи «Роҳ ва нақлиёт», дар соати 17:40 барномаи «Ҷаҳони футбол» ва дар соати 19:15 барномаи «Шом ба хайр» оғоз мешаванд.
Дигар хабару гузоришҳои моро ҳар соат дар Радиои Тоҷикистон ва дар сомонаи радиотоҷ.тҷ пайгирӣ карда метавонед. Ба саҳифаҳои Радиои “Тоҷикистон” дар Фейсбук, Ютуб, Инстаграм, Телеграм ва Твиттер аъзо шавед.