Маркази милии тестӣ дар як баёния эълон кардааст, ки муҳлати бақайдгирӣ дар марҳалаи асосӣ то 30 апрел тамдид карда шудааст, аммо марказ ба довталабон пешниҳод кардааст, то аз интихоби баъзе ихтисосҳо худдорӣ намоянд.
Ба навиштаи манбаъ, тибқи маълумоти омории рафти бақайдгирии довталабон дар ИМД-2021 аз 1 март то 12 апрел шумораи довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11‑ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии номнависшуда дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 5‑ум (тиб, биология ва варзиш) 131,47 %, дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 4‑ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) 110,80 %, ва дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 3‑юм (филология, педагогика ва санъат) 101,82 %-ро аз нақшаи қабули ҳар яке аз ин гурӯҳҳо ташкил медиҳад.
Шумораи довталабони бақайдгирифташудаи дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11‑ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ҳамагӣ 55,27 % ва дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) 65,45 %-ро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи гурӯҳҳои ихтисосҳои 5-ум, 4‑ум ва 3‑юм хеле кам аст.
Аз ин рӯ, Маркази миллии тестӣ ба довталабон пешниҳод кардааст, ки барои бо эҳтимолияти зиёд унвони донишҷӯиро соҳиб шудан, аз ихтисосҳое, ки ба онҳо зиёд ҳуҷҷат супорида шудааст, худдорӣ намоянд. Ё имкон доранд, ки то 30 апрел ин гуна ихтисосҳои интихобкардаашонро иваз кунанд. Марказ омори рафти бақайдгириро дар сомонаи худ ҷой додааст ва аз довталабон хостааст, то пеш аз интихоби ихтисосҳо аз он дидан намоянд.
Гуфта мешавад, ки соли 2020 аз шумораи довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11‑ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии дар имтиҳонҳо иштироккарда дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум 12510 нафар (37,30 %), дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум 2906 нафар (32,25 %) ва дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм 4690 нафар (25,22 %)‑ашон бинобар роҳ наёфтан ба озмуни тақсимот ё гирифтани балҳои паст сазовори номи донишҷӯй шуда натавонистанд.
Тибқи маълумоти омории аз 1-уми март то 10-уми апрели соли 2021 ҷамъоваришуда интихоби комбинатсияҳои ихтисосҳо аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино чунин аст:
Р.т. | Рамз ва номи ихтисос | Шакли таҳсил | Намуди таҳсил | Нақшаи қабул | Шумораи интихобҳо |
1. | 1790101 – Кори табобатӣ | рӯзона | ройгон | 285 | 15020 |
2. | 1790101 – Кори табобатӣ | рӯзона | пулакӣ | 575 | 7361 |
3. | 1790102 – Педиатрия | рӯзона | ройгон | 50 | 11221 |
4. | 1790102 – Педиатрия | рӯзона | пулакӣ | 57 | 6641 |
5. | 1790107 – Стоматология | рӯзона | пулакӣ | 100 | 4996 |
6. | 1790108 – Фарматсия | рӯзона | пулакӣ | 70 | 4210 |
7. | 1790103 – Эпидемиология, гигиена ва нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ | рӯзона | ройгон | 65 | 4443 |
8. | 1790103 – Эпидемиология, гигиена ва нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ | рӯзона | пулакӣ | 27 | 2726 |