Телевизиони “Илм ва табиат” ба кор шурӯъ кард

Олимон ва толибилмон минбаъд имкон доранд, ки аз навигариҳои илму техника ва табиат тавассути муассисаи давлатии телевизиони илм ва табиат ошноӣ пайдо кунанд. Ҳамчунин, ин телевизиоини навтаъсис ба онҳо имкон медиҳад, ки ихтирооту навгониҳо ва тадқиқотҳои худро тавассути ҳамин минбар ба тамошобинон расонанд.

Имрӯз бо иштироки муовини сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатторӣ, раиси Кумитаи телевизион ва радио Саид Нуриддин Саид ва олимону навофарон дар фазои иттилоотии кишвар телевизиони дигар – Муассисаи давлатии телевизиони “Илм ва табиат” ба пахши барномаҳои худ шурӯъ кард.

Муассисаи давлатии телевизиони “Илм ва табиат” бо навтарин таҷҳизот ва технология таъмин карда шуда, дар худи ҳозир ба ғайр аз идораҳои коргузорӣ 2 раёсат – раёсати барномаҳои иттилоотӣ ва таҳлилӣ ва раёсати истеҳсоли филмҳои телевизионӣ, ҳамчунин 3 шуъба – шуъбаи танзим ва дизайн, шуъбаи тарҷума ва дублияж ва шуъбаи наворбардорони синамо ва телевизион дорад. Ба ғайр аз ин, як студияи сабти барномаҳо ва пахши барномаҳо мавҷуд буда, дар оянда сохтори он такмил дода мешавад. Бояд гуфт, ки дар муассисаи мазкур барои қариб 100 нафар ҷой ва шароити корӣ фароҳам оварда шуда, шабакаи навтаъсис нақша дорад, ки дар минтақаҳои кишвар низ мухбирони худро дошта бошад. Дар худи ҳозир он 18 соат барнома пахш намуда, оянда ба 24 соат расонида мешавад.

Меҳмонон баъд аз боздид аз намоиши дастовардҳои илмӣ лентаи рамзии Муассисаи давлатии телевизиони “Илм ва табиат”-ро буррида, бо шароитҳои кории кормандони телевизиони мазкур ошно шуданд. Ҳамин тавр, бо пашхи тугма ба кори Муассисаи давлатии телевизиони “Илм ва табиат” оғоз бахшиданд.

Муовини сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатторӣ баъд аз ошноӣ бо шароитҳои корӣ дар баромади худ қайд намуд, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар танҳо як шабакаи телевизионӣ фаъолият дошт, ки  наметавонист фазои иттилоотии мамлакатро мукамал намуда,  дар муқобили ҷангҳои иттилоотӣ истодагарӣ намояд. Аз ин рӯ, бо дастгирии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор шабакаҳои нав таъсис ёфтанд.

Ба андешаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ имрӯз илм ва олимони тоҷик дар рушди устувори иқтисодии кишвар саҳми назаррас доранд.

Бино ба иттилои директори телевизиони “Илм ва табиат” Зиннатулло Исмоилзода яке аз аввалин барномае, ки дар ин телевизион манзур гашт, ин Симпозиуми телевизионӣ мебошад, ки он вобаста ба бурду бохти илми тоҷик доир гашта буд. Ба боварии Зиннатулло Исмоилзода телевизиони “Илм ва табиат” барои инъикос ва тарғибу ташвиқи дастовардҳои илм ва олимони тоҷик хизмат хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки моҳи марти соли 2020 Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони мамлакат ба роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода буданд, ки шабакаи нави телевизионии Илм ва табиатро таъсис диҳад ва дар ин шабака таълими фанҳои дақиқ, техникӣ ва технологиро бароҳ монда, бо ин мақсад олимону донишмандонро ҷалб намояд. Ҳамчунин, ихтирооту навовариҳои олами техника дар арсаи ҷаҳониро муаррифӣ намояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *