Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти ду мансабдор хабар дод, ки билети ҳарбии қобили маҳдуд ба хизмати ҳарбӣ омода мекарданд.
Гуфта мешавад, ки сардори зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётии комиссариати ҳарбии шаҳри Гулистони вилояти Суғд Фурқат Ниёзов бо истифода аз мақоми хизматӣ ва аз рӯйи маслиҳати пешакӣ бо духтури клиникаи вилояти Суғд Халил Каримов аз шаҳрванд Азизӣ М.А. барои ба номи додараш Азизов М.А. омода намудани билети ҳарбии қобили маҳдуд ба хизмати ҳарбӣ, дар давраи моҳҳои октябр-ноябри соли 2020 дар маҷмӯъ маблағи 10 000 сомонӣ талаб карда гирифта байни якдигар тақсим намуданд.
Дар ин асос нисбати Ниёзов Ф.Р. ва Каримов Х.Ҷ. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шуд.
Пештар ҳам ин Агентӣ хабар дода буд, ки Мирзоев Фаридун дар вазифаи духтури ҷарроҳи Шуъбачаи дармонгоҳи Шифохонаи марказии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда истода, 10 июли соли 2020 аз модари сарбоз “А”-шаҳрванд “Б” барои додани хулосаи номуносиб ба адои минбаъдаи хизмати ҳарбӣ, маблағи 20.000 сомонӣ тамаъ намуда, аз ин маблағ, 1 000 доллари ИМА ва 2 000 сомониро пешакӣ гирифта, боз оварда додани б 8 000 сомониро талаб намудааст.
Гуфта мешавад, ки нисбати Мирзоев Ф. бо моддаи 324 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.