Изҳороти Қамчибек Ташиев ҳазён ва иғвоангез аст

     Натиҷаи  нишасти нуҳуми вазирони корҳои хориҷии “Қалби Осиё – раванди Истанбул” дар Душанбе ва вокунишҳо ба изҳороти таҳрикомази намояндаи давлати Қирғизистон дар робита ба баҳсҳои марзӣ бо Тоҷикистон, дар маркази таваҷҷуҳи нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе қарор гирифтааст.

“Ҷумҳурият”

         Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 1 апрел дар матлабе навишт, ки нуҳумин нишати вазирони корҳои хориҷии«Қалби Осиё – Раванди Истанбул», ки 30 март дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар амри расидан ба сулҳ, барқарории ҳаёти осоишта дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон масири наверо боз кард. Ба навиштаи нашрия, маҷмӯи қарордод ва мувофиқаҳои ҳосилшуда дар ин ҳамоиши сатҳи баланд амалан ба дурнамои ҳалли мусолиматомези қазияи Афғонистон мусоидат намуда, механизми нави ҳамкорӣ ва кумакҳои ҷомеаи байналмилалӣ ба ин кишварро самти тоза хоҳад бахшид.

Муаллиф дар идома навишт,  Муҳаммад Ҳаниф Атмар, вазири корҳои хориҷии Афғонистон, дар суҳбат бо хабарнигорон ҳамоиши Душанберо дар таърихи нишастҳои раванди муколама, аз муваффақтарин ва пурбортарин ҳамоишҳо дониста, таъкид кардааст, ки  таҷрибаи барҷаста ва усули хоси дипломатияи кишвари Тоҷикистон ин заминаро фароҳам кард, ки дар шароити пандемияи ҷаҳонӣ конфронс бо ҳузури васеи вазирони корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатӣ дар фазои боз ва ҳусни тафоҳум баргузор гардад. 

      “Ҷумҳурият” дар матлаби дигаре хабар додааст, ки ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара бунёду навсозии беш аз 40 иншооти муҳими иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда, бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти давлатии вилояту шаҳр ва саҳмгузории соҳибкорон то имрӯз беш аз 30 иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифт.

   Нашрия ёдовар шудааст, ки ахиран Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят ба шаҳри Исфара сафари корӣ анҷом дода, дар Ҷамоати деҳоти Ворух бо рафти бунёди майдони Парчами давлатӣ, муассисаи нави таълимӣ, қасри фарҳанг, обод намудани мавзеъҳои ҷамъиятӣ, роҳу кӯча ва маҳали зист, сабзкориву хуррамгардонӣ ошно шудааст.

“Садои мардум”

     Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 1 апрел мақолае бо номи “Ворух марзи номусу ғурур аст” чоп карда, навиштааст, ки Ворух — гӯшаи бо амри таърих ва гузаштҳои сарварони собиқ дар инзиво қарор гирифта, марзи номусу ғурури ҳар тоҷику тоҷикистонист.

   Муаллифи матлаб Мурод Шукурзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин мақола таъкид кардааст, ки Ворух дар гузашта ҳеҷ гоҳ дар ҳайати давлати ҳамсоя қарор надошт ва бародарони қирғиз дар замони шӯравӣ, аз камэътибории роҳбарони вақти Тоҷикистон бо ҳар роҳу восита, аз ҷумла, чарогоҳи муваққатӣ, обёрӣ ва ғайра дар деҳоти «Ворух» маскун шуда, ҳоло пешниҳоди ивази Ворухро ба ҷои дигар мекунанд. Муаллиф дар идома навиштааст, ки бо ҳар  роҳу усул Қирғизистон аз соли 1936 ҳудудашро аз ҳисоби заминҳои ноҳияҳои Сӯхи Ӯзбекистон, Исфара ва Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон беш аз се ҳазор километри мураббаъ васеъ намудааст ва ҳоло инро эътироф кардан намехоҳад.

      Нашрияи “Садои мардум” дар матлаби дигаре бо номи “ Кӯлоб. Чаро корхонаҳои саноатӣ фаъолияти пурсамар надоранд? аз фаъолияти заифи як замон корхонаҳои бузурги саноатии ин шаҳр интиқод кардааст. 

   Муаллиф менавсиад, ки тибқи иттилои Раёсати омори шаҳри Кӯлоб, дар шаҳр  48 корхонаи хурду бузурги саноатӣ аст, ки дар онҳо 874 нафар кор мекунанд.  Аз сӯи дигар гуфта мешавад, ки  ҶДММ «Мурғи Хонобод» ва ҶДММ «Шараф — 2007» ба раёсати омор бобати як корманд доштан ҳисобот пешниҳод кардаанд,  пас чӣ гуна метавон ин қабил коргоҳро корхонаи саноатӣ номид?

 Ба хулосаи муаллиф  таассуфовар он аст, ки дар рӯйхати корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб, ки аз идораи омори шаҳр дастрас гардид, ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳр»-ро бо 300 нафар ҷойи корӣ ва КДФ «Обтаъминкунӣ ва канализатсия»-и шаҳр низ ҳамчун корхонаи саноатӣ «эътироф» шудааст. Пас чӣ гуна метавон бо ҳисоботи бардурӯғ  соҳаи саноатро дар Кӯлоб тараққӣ дод?- суол гузоштааст муаллиф дар охир муаллифи мақола.

“Asia-Plus”

        Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 1 апрел мақолае бо номи “Ҳазён ва таҳрик” аз қавли коршиносон ба пешниҳоди раиси КДАМ Қирғизистон Тошиев барои иваз намудани Ворух посух гуфтааст.

    Александр Князев сиёсатшинос ва таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ, баёнияи Тошиев дар бораи Ворухро ғайриқобили қабул ва таҳрикомез дониста, гуфтааст, ки чунин рафтор музокироти марзиро дар бунбаст қарор медиҳад. Ба гуфтаи вай ин суханони Тошиев баёнгари бемасъулиятӣ ва адами тавони таҳлил ва арзёбии вазъият аст.  

   Аз ҷониби дигар сиёсатшинос Шералӣ Ризоён гуфтааст, ки суханони раиси КДАМ-и Қирғизистон дар бораи баҳси марзӣ ва Ворух корбурди дохилӣ дорад, яъне  ҳадаф касби холҳои сиёсӣ аст. Вай таъкид кардааст, ки ҳалли баҳси марзӣ бидуни табодули табодули қисмате аз заминҳои ғайриимкон аст, аммо дар ин раванд бояд манфиатҳои миллӣ дар назар гирифта шаванд.

“Фараж”

       Ҳафтаномаи Фараж дар шумораи рӯзи 31 март дар саҳфаи аввали худ навиштааст, “Ворухро бо Қирғизистон ҳам иваз намекунем”.  Нашрия дар ин замина мақолаи таҳлии Нуралӣ Нурзод доктори илмҳои филологиро чоп кардааст, ки муаллиф ба истинод ба сарчашмаҳои таърихӣ ва пажуҳиши олимони барҷастаи ховаршинос собит кардааст, ки қаламрави Ворух ва атрофи он моли мардуми тоҷик аст.

     Ҳафтаномаи “Фараж” дар матлаби дигаре бо номи “Бунгоҳи нообод” навиштааст, ки дар деҳаи Қаҷровути ноҳияи Деваштиҷ шаш сол боз сохтмони як бунгоҳи тиббӣ идома дорад. Нашрия менависад бунёди он ҳанӯз соли 2015 оғоз шуда, ҳамчунон нотамом аст. Дар ҳоле кӣ деҳаи Қаҷровут аз маркази ноҳия 40 км фосила дошта, аҳолиаш 1280 нафарро ташкил медиҳад.

“Тоҷикистон”

        Нашрияи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 31 март мусоҳиба бо вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субраманям Джайшанкарро чоп кардааст. Субраманям Джайшанкар дар мавриди ҳамкориҳои Деҳлӣ бо кишварҳои минтақа таъкид кардааст, ки набудани робитаи заминӣ монеаи рушди тиҷорат миёни Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ гаштааст. 

       Ба гуфтаи вай айни замон зарурати ҳамкории наздиктари Деҳлӣ ва Душанбе вуҷуд дорад, ки боиси рушди иқтисоди Тоҷикистон мегардад ва дар ин замина  роҳи заминӣ аз тариқи Афғонистон ва тавассути бандари Чобаҳор, барои тавсеаи тиҷорат имкониятҳои зиёдеро фароҳам меорад. 

      Вазири хориҷаи Ҳинд таъкид кардааст, ки кишвараш  метавонад бозори хубе барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили меваю сабзавоти тару тоза, меваҷоти хушк, гиёҳҳои шифобахш, пахта, металлу сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо бошад. Аз дигар ҷониб  Ҳиндустон бо имконоти илмӣ ва техникии худ Ҳиндустон метавонад барои Тоҷикистон ҳамчун манбаи воридоти доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ, ташхисӣ ва таҷҳизоти муҳандисӣ бошад.

Давлатов З.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *