Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти духтури дармонгоҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, Мирзоев Фаридун дар вазифаи духтури ҷарроҳи Шуъбачаи дармонгоҳи Шифохонаи марказии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда истода, 10 июли соли 2020 аз модари сарбоз “А”-шаҳрванд “Б” барои додани хулосаи номуносиб ба адои минбаъдаи хизмати ҳарбӣ, маблағи 20.000 сомонӣ тамаъ намуда, аз ин маблағ, 1 000 доллари ИМА ва 2 000 сомониро пешакӣ гирифта, боз оварда додани б 8 000 сомониро талаб намудааст.

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гумонбарро 22 июли соли 2020 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ–тафтишотӣ, пас аз гирифтани маблағи 8000 сомонӣ аз шаҳрванд “Б” дастгир карданд. Маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд.

Гуфта мешавад, ки нисбати Мирзоев Ф. бо моддаи 324 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.