Дар мавзеи Булункӯли ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нуқтаи нави хизматрасонӣ ва иттилоотӣ барои сайёҳон ба истифода дода шуд.
Иншооти мазкур бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Парки миллии Тоҷикистон бунёд гардида, барои қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин нуқта меҳмонон метавонанд оид ба хатсайрҳои сайёҳӣ, мавзеъҳои ҷолиби табиӣ ва қоидаҳои боздид аз ҳудуди парк маълумоти зарурӣ дастрас намоянд.
Ифтитоҳи чунин нуқтаҳо ба беҳтар гардидани хизматрасонӣ ва рушди сайёҳии экологӣ дар минтақа мусоидат мекунад.
