Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Президент — кафили ояндаи дурахшон» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ доир ба аҳаммияти сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши маориф дар тарбияи насли ояндасоз суханронӣ карда шуд. Ҳамзамон, хонандагони муассиса бо пешниҳоди суруду таронаҳои ватандӯстона, қироати шеър ва барномаи фарҳангӣ ба ҳамоиш шукуҳи хосса бахшиданд.
Ҳамзамон, хонандагони муассиса бо пешниҳоди суруду таронаҳои ватандӯстона, қироати шеър ва намоишҳои фарҳангӣ ба чорабинӣ шукуҳи хосса бахшиданд.
