Дар вилояти Суғд сайди моҳӣ манъ шуд

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд сайди моҳиҳоро манъ кардааст.

Ба таъкиди раёсат аз санаи 1 апрел то 15 июни соли 2021 давраи тухмгузории моҳиҳо буда, ин тадбир бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят, фароҳам овардани шароити мусоид ба рафти афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмигузории моҳӣ роҳандозӣ гардидидааст.

Бино ба хабари сомонаи мақомоти вилоят дар асоси моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», моддаҳои 31 ва 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот», моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ», ва банди «а» моддаи 17-и «Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои аҳамияти моҳидоридоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ин марҳила сайди моҳӣ манъ аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *