Имрӯз, 16 ноябр, дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ рӯнамоии китоби Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар таҳти унвони «Достони Душанбе» ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, намояндагони аҳли илму адаб ва фарҳанг иштирок намуданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки бо талошу ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, симои пойтахти кишвар шаҳри Душанбе низ ба куллӣ тағйир ёфтааст. Имрӯз пойтахт бо бунёди иншооти муҳташам, боғҳои фарҳангӣ ва марказҳои муосир ба шаҳри зебову обод табдил ёфтааст.
Ҳамчунин, зикр шуд, ки Пешвои миллат ба рушди фарҳанг, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва эҳёи таъриху тамаддуни халқи тоҷик таваҷҷуҳи пайваста доранд. Зеро фарҳанг ҳастии миллат буда, дар нигоҳдошти ҳувияти миллӣ ва муаррифии давлат нақши муҳим дорад.
Китоби «Достони Душанбе»-и Давлат Сафар маҳз ба инъикоси дигаргуниҳои пойтахт, корҳои созандагӣ ва заҳматҳои Пешвои миллат дар роҳи ободии кишвар бахшида шудааст.
Дар идомаи чорабинӣ Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва дигар намояндагони аҳли адаб оид ба арзиши адабӣ, муҳтаво ва аҳамияти китоби мазкур андешаронӣ намуданд.
Қисмати фарҳангии маҳфил бо иштироки ҳунармандони маъруфи кишвар, аз ҷумла Мадина Косимӣ, Амирҷон Рӯзиев, Афзалшоҳи Шодӣ ва Миралӣ Достизода, инчунин шоирони халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ва Давлат Сафар идома ёфт. Дар он суруду таронаҳо ва шеърҳо дар васфи Ватан, пойтахт ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ пешкаши ҳозирин гардид.
Рӯнамоии китоб бо барномаи фарҳангӣ идома ёфта, бори дигар нақши адабиётро дар инъикоси таърихи навини кишвар ва дастовардҳои даврони истиқлол таъкид намуд.
