Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон муаррифии тарҷумаи олмонии асари бунёдии академик Бобоҷон Ғафуров — «Тоҷикон» баргузор гардид. Нашри ин асари таърихӣ бо забони олмонӣ иқдоми муҳим дар роҳи муаррифии таърих, фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ мешавад.
Китоб аз ҷониби дипломати тоҷик Ғайратшо Соҳибназар ба забони олмонӣ тарҷума ва мураттаб гардида, дар нашриёти «Ферлаг Восток Берлин»-и Олмон ба табъ расидааст.
Дар чорабинӣ муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони корпуси дипломатии муқими кишвар, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, олимону таърихшиносон, муҳаққиқон ва намояндагони муассисаҳои илмӣ иштирок намуданд.
Зимни суханрониҳо аҳаммияти таърихию илмии асари «Тоҷикон» ва нақши тарҷумаи он ба забонҳои хориҷӣ дар муаррифии мероси таърихию фарҳангии тоҷикон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид гардид.
Таъкид шуд, ки дастрас гардидани ин асари арзишманд ба хонандагони олмонзабон барои густариши робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ, инчунин шинохти бештари таъриху тамаддуни халқи тоҷик дар кишварҳои Аврупо мусоидат хоҳад кард.
