«Рӯшон» дар остонаи як рӯйдоди таърихӣ: қадами нав дар рушди футболи Бадахшон

Клуби футболи «Рӯшон» метавонад дар таърихи варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон саҳифаи наверо боз намояд. Дастаи мазкур имкон дорад бори нахуст минтақаи Бадахшонро дар мусобиқаи Лигаи якуми Тоҷикистон намояндагӣ кунад. Ин иқдом барои футболи минтақа рӯйдоди муҳим ва қадами ҷиддӣ дар самти рушди минбаъдаи ин намуди варзиш ба шумор меравад.

Айни замон футболбозони клуби «Рӯшон» ба иштирок дар мусобиқаи Лигаи Тоҷикистон омодагии ҷиддӣ дида, машқу тамринҳоро идома медиҳанд. Ҳадафи асосии даста омодасозии ҳайати рақобатпазир, баланд бардоштани маҳорати касбии бозигарон ва ҳимояи шоистаи шарафи минтақа мебошад.

Дар баробари омодагии даста, дар ноҳияи Рӯшон ҷиҳати фароҳам овардани шароити зарурӣ барои рушди футбол корҳои созандагӣ низ идома доранд. Аз ҷумла, сохтмони варзишгоҳи «Рӯшон-Арена» бо иштироки фаъолонаи футболбозон ва сокинони маҳаллӣ ба таври ҳашар роҳандозӣ гардидааст. Ин ташаббус намунаи ҳамбастагӣ ва саҳмгузории сокинон дар ободонии маҳал ва рушди соҳаи варзиш мебошад.

Бунёди варзишгоҳи нав метавонад барои баргузории мусобиқаҳои гуногуни футбол, ташкили машқу тамрини мунтазам ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон заминаи мусоид фароҳам оварад. Ҳамзамон, он барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим аҳамияти муҳим дорад.

Намояндагии эҳтимолии клуби «Рӯшон» дар Лигаи якуми Тоҷикистон танҳо дастоварди як даста нест, балки метавонад барои тамоми Бадахшон рӯйдоди таърихӣ гардад. Ин иқдом умедро ба он бештар мекунад, ки футбол дар минтақа рушд ёфта, варзишгарони ҷавон имкони бештар пайдо мекунанд, то маҳорати худро дар сатҳи ҷумҳурӣ нишон диҳанд.

Ҳоло таваҷҷуҳи асосӣ ба омодагии даста ва анҷоми сохтмони варзишгоҳи «Рӯшон-Арена» равона гардидааст. Муваффақияти ин ташаббус метавонад оғози марҳилаи нави рушди футболи Рӯшон ва Бадахшон бошад.

Анисаи Иқболшо