«Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» — роҳ ба сӯи маърифат ва камолоти зеҳнии наврасон

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз рӯйи номинатсияҳои гуногун идома дорад. Иштирокчиёни синну соли гуногун бо омодагии ҷиддӣ дар назди ҳайати ҳакамон баромад намуда, маҳорати китобхонӣ ва донишу маҳорати худро дар азбар намудани осори бадеӣ нишон медиҳанд.

Шаҳноза Ғозиева, хонандаи синфи 6-уми МТМУ №80-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, соли сеюм аст, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок мекунад. Номбурда дар суҳбат бо мо гуфт:

«Дар даври вилоятии озмуни мазкур сазовори ҷойи якум гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтам. Ман тибқи низомномаи озмун 112 ғазал, 130 рубоӣ ва дубайтӣ, 106 байт қасида, 121 байт аз дигар навъҳои шеърӣ, 180 байт порча аз достон ва 29 асари насриро мутолиа намудам. Пеш аз ҳама, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро мерасонам, ки барои мо, наврасон, чунин озмунҳои бонуфузро ташкил кардаанд. Маҳз тавассути баргузории чунин озмунҳо мо, наврасон, метавонем савияи дониши худро сайқал дода, ба Ватани азизи худ содиқона хизмат намоем».

Омодагии ҳамаҷониба ва шавқи беандозаи хонандагон нишон медиҳад, ки китобхонӣ дар байни насли ҷавон ба як анъанаи муҳим табдил ёфтааст. Иштирокчии дигари фаъоли озмун Нигина Маҳрамова, хонандаи синфи 8-уми МТМУ №16-и ноҳияи Роштқалъа, дар суҳбат бо мо қайд кард, ки баргузории чунин озмунҳо ба баланд бардоштани савияи дониш мусоидат менамояд.

«Соли дуюм аст, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи номинатсияи адабиёти классикӣ иштирок менамоям. Дар даври сеюми озмун сазовори ҷойи сеюм гардидам. Дар ин ҷода муаллимаам Шаъмирова Сатригул маро дастгирӣ намуданд. Тибқи низомномаи озмун зиёда аз 100 ғазал, 120 рубоӣ ва дубайтӣ, 200 байт достон, 150 байт қасида, 150 байт аз дигар навъҳои шеърӣ ва 29 асари насрии классикиро мутолиа намудам».

Бояд гуфт, ки ҳайати ҳакамон маҳорати ҳар як иштирокчиро аз рӯйи тарзи ғазалхонӣ, ҳифзи ашъор ва донистани асарҳои насрӣ арзёбӣ мекунанд. Фирӯза Нозимҷонова, хонандаи синфи 6-уми МТМУ №101-и шаҳри Турсунзода, аз баромади худ қаноатманд буда, умед дорад, ки сазовори ҷойи намоён мегардад.

«Миннатдории худро ба устодам Неъматова Фирӯза мерасонам, ки аз қадамҳои аввал маро дастгирӣ намуда, барои иштирок дар ин озмун омода карданд. Ман зиёда аз 100 ғазал, 120 рубоӣ, 150 байт достон ва 100 байт қасидаро аз ёд намудам. Ҳар як байти азбаркардаам барои ман дарси худшиносӣ, ватанпарварӣ ва хештаншиносӣ буд».

Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон идома дошта, ғолибони ин давр бо ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.