АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ

«Ҳукумати мамлакат Барномаи нави саноатикунонии босуръати кишварро барои солҳои 2026–2030 ва Барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳимро қабул ва амалӣ гардонад. Хотирнишон менамоям, ки дар раванди амалисозии ин вазифаҳо диққати махсус ба рушди саноати сабук, коркарди амиқи маҳсулот ва истеҳсоли металлҳои нодир ва муҳим равона карда шавад».

(Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 декабри соли 2025)

Ҷиҳати амалисозии вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян гардидаанд, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳим барои солҳои 2026–2030»-ро таҳия намуда, пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор барои баррасӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудааст.

Тибқи Барномаи мазкур, то соли 2030 ҷалби 4230,0 миллион сомонӣ сармоягузорӣ, таъсиси 13 корхонаи истеҳсолӣ ва фароҳам овардани 3250 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардидааст.

Амалисозии Барнома ба рушди истеҳсол ва ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳим, афзоиши иқтидори истеҳсолии соҳа, ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ, баланд бардоштани арзиши иловашудаи маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.

Ҳамзамон, тибқи нишондиҳандаҳои пешбинишуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо аз 26,9 миллиард сомонӣ то ба 39,9 миллиард сомонӣ расонида мешавад.

Нуктаи дигари муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ба зарурати равона намудани диққати махсус ба рушди саноати сабук, коркарди амиқи маҳсулот ва истеҳсоли металлҳои нодир ва муҳим марбут буд.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати ҳарчи бештар коркард намудани нахи пахта тавассути сохта ба истифода додани маҷмааҳои нассоҷӣ ва фаъол намудани иқтидорҳои амалкунанда, айни замон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2023, № 593 «Дар бораи Стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2040» мавриди амал қарор дорад. Дар асоси он тадбирҳои зарурӣ барои коркарди пурраи нахи пахта дар дохили кишвар ба нақша гирифта шудаанд.

Дар ин замина, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сармоягузорон созишномаҳои дахлдори сармоягузорӣ ҷиҳати сохта ба истифода додани маҷмааҳои нассоҷии дорои сикли пурраи коркарди нахи пахта дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва ноҳияи Зафаробод ба имзо расонида шудаанд. Корҳои омодагӣ барои бунёди маҷмааҳои нассоҷии мазкур оғоз гардидаанд.

Мавриди зикр аст, ки дар моҳҳои январ–октябри соли 2026 дар ҷумҳурӣ 71,3 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол шудааст. Аз як қисми нахи пахтаи истеҳсолшуда дар корхонаҳои коркарди нахи пахта 17,2 ҳазор тонна ресмони пахтагин истеҳсол гардидааст, ки суръати афзоиши он 121,6 фоизро ташкил медиҳад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ дар маҷмӯъ ба 382 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,4 фоиз зиёд мебошад.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2026, № 443 «Дар бораи Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» қабул гардида, татбиқи он оғоз шудааст.

Тибқи маълумоти фаврии ҶСК «Пиллаи Тоҷик», дар мавсими соли 2026 дар саросари ҷумҳурӣ 16 475 қуттӣ тухми кирмак тақсим карда шудааст. Ҳосили ҷамъоваришуда 324,8 тоннаро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2025 ба андозаи 82,1 тонна ё 33,8 фоиз зиёд мебошад. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли пилла дар соли 2026 нишон медиҳад, ки тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ, назорати ситодҳо ва барқарорсозии коркарди пурраи пилла натиҷаҳои мусбат ба бор оварда истодаанд.

Дар заминаи ҶСК «Пиллаи Тоҷик» марҳилаи ниҳоии коркарди пилла ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, хушккунӣ, коркарди нах, басту банд, фаъолияти озмоишгоҳ, чоп, бофандагӣ, наддофӣ, хушкашӯйӣ ва истеҳсоли атласу адрас ба роҳ монда шудаанд.

Ҳамчунин, истеҳсоли ресмони абрешимӣ, ки солҳои охир қатъ гардида буд, барқарор шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли он дар соли 2024 ба 3,1 тонна, соли 2025 ба 2,1 тонна ва дар даҳ моҳи соли 2026 ба 2,8 тонна расидааст.

Ш. Аҳмад