РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО ТАҶЛИЛ ГАРДИД

Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор шуд. Дар он роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ, намояндагони шабакаҳои телевизиону радиои давлатӣ иштирок намуданд.

Зимни ҳамоиш доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Махфират Хидирзода баромад намуда, нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди давлатдорӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ муҳим арзёбӣ намуд. Иштирокдорон аҳаммияти ин санаи таърихиро дар таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ таъкид карданд.

Дар интиҳо муҳаррири варзидаи шабакаи “Фарҳанг” Бахтиёр Раҳмониён шеърҳои эҷодкардаи худро қироат намуд