Ҳамкорӣ баҳри ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур бо cафири Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон ҷаноби Мишел Тарран масъалаи ҳифзи пиряхҳоро баррасӣ намуданд.

Бино ба иттилои Кумита дар рафти вохӯрӣ масъалаҳо оид ба ҳамкориҳои муштарак дар самти тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, инчунин масъалаҳои вобаста ба ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда ва ҳамкорӣ бо Агентии Фаронса оид ба рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда раиси Кумита таваҷҷӯҳи Сафирро ба таҳким бахшидани раванди ҳамкориҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва истифодаи таҷрибаи Фаронса дар амалисозии лоиҳаҳо ҷалб намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *