Дар миёни 2 миллион довталаб хонадагони тоҷик 15 медали тилло гирифтанд

15 нафар хонандагони тоҷик дар 4 – умин олимпиадаи байналмиллалии BRICMATH-2020 аз фанни математика ҷойи аввалро соҳиб шуданд.

Ин озмун аз ҷониби кишварҳои узви паймони БРИКС (Бразилия, Россия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ) ташкил карда шудааст ва дар он хонандагони синфҳои 1-11 аз кишварҳои гуногуни олам иштирок мекунанд. Имсол олимпиадаи мазкур бо сабаби пандемияи коронавирус тариқи фосилавӣ сурат гирифт.

Тавре Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар қатори беш аз 2 миллион иштирокчӣ аз 7 кишвари олам, 22 нафар хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд низ дар олимпиадаи мазкур аз фанни дақиқ бо забони англисӣ тариқи фосилавӣ (онлайн) иштирок намуда, аз онҳо 15 нафар хонандагон мақоми аввал ва ғолибиятро дар озмуни мазкур ба даст оварда, бо Диплом ва медалҳо сазовор гардиданд.

Гуфта мешавад, ки ҳадафи асосии озмун ин ҷалби кўдакон ба фанҳои дақиқ, аз ҷумла риёзӣ ва рушди тафаккури мантиқии хонандагон мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *