Баррасии вазъи кор бо ҷавонон дар ВМКБ

Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов бо унвони “Корманди шоистаи тарбияи ҷисмони ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуд.

Дар ҷаласаи шурои кор бо ҷавонон ва варзиши назди Раиси ВМКБ, ки бо иштироки намояндагони Кумитаи кор Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт, таъкид карда шуд, ки соли 2020 варзишгарони вилоят дар ду мусобиқаи байналмилалӣ, 26 мусобиқаю 15 чемпионати ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, 188 медалро соҳиб шуданд, ки аз инҳо 36 медали тилло, 62 нуқра ва 90 медали биринҷианд.

Ҳамзамон зимни таҳлили амиқи баъзе масоили ҳалталаб аз қабили нарасидани маблағ барои сафарбар намудани варзишгарон ба чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байнамилалӣ, беҳбудӣ тақозо кардани ҳисси худшиносию меҳанпарастӣ, зери таъсироти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ қарор доштани баъзе ҷавонон, дар сатҳи зарурӣ фаъолият накардани иншооту муассисаҳои варзишии вилоят, ҷоннок намудани фаъолияти филиалҳои “Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон” дар сатҳи идораву муассисаҳои маҳаллӣ, ҳамоҳанг кардани фаъолияти раёсату муассисаҳои варзишии вилоят, ташкил намудани курси бозомӯзии “Сарварони ҷавон” – мактаби давлатдории Пешвои миллат, дар арафаи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намудани ҷавонон ба дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар яқ қатор қарору пешниҳодҳои судманд пазируфта шуданд.

Дар фарҷом аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси вилоят бо унвони “Корманди шоистаи тарбияи ҷисмони ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар кормандони соҳаи варзиш бо унвонҳои ифтихории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *