Дар вилояти Хатлон шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалла, кӯча ва оилаи беҳтарин дар соли 2020 муайян карда шуд.
Зимни муаррифии ғолибон, ки чорабинӣ бо иштироки сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода баргузор гашт, қайд гардид, ки озмуни мазкур бо мақсади вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, ҷалби сармоя ва соҳибкорони ватанӣ, мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташвиқу тарғиб ва дастрас намудани таҷрибаи пешқадами онҳо ба дигарон, муаррифии онҳо дар назди ҷомеа, гиромидошти арзишҳои ваҳдати миллӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, тарғиб ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ дар вилояти Хатлон доир шудааст.
Тавре аз сомонаи мақомоти вилоят гуфта шудааст, бо ин мақсад дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар озмунҳо 1561 деҳа, 23 ҷамоати шаҳрак, 132 ҷамоати деҳот аз 25 шаҳру ноҳия иштирок намуданд. Инчунин дар марҳилаи дуюми озмуни вилоятӣ барои муайян намудани беҳтарин оила, деҳа ва деҳот дар Ҷамоатҳои деҳоти шаҳру ноҳияҳо ва беҳтарин оила, кӯча, маҳалла ва шаҳраки дар Ҷамоатҳои шаҳраки шаҳру ноҳияҳо довталабон пешниҳод шуда буданд.
Ҳамин тавр, ғолиби номинатсияи “Ҷамоати шаҳраки беҳтарин” ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, ғолиби номинатсияи “Ҷамоати деҳоти беҳтарин” ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарипов аз ноҳияи Данғара, ғолиби номинатсияи “Деҳаи беҳтарин” деҳаи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон аз ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнии ноҳияи Хуросон, ғолиби номинатсияи “Маҳаллаи беҳтарин” маҳаллаи Исмоили Сомонӣ аз шаҳри Кӯлоб, ғолиби номинатсияи “Кӯчаи беҳтарин” кӯчаи Мирзо Турсунзода аз Ҷамоати шаҳраки «Ёвон»-и ноҳияи Ёвон, ғолиби номинатсияи “Оилаи беҳтарин” аз ҷамоати шаҳрак оилаи Одинаев Абдулфаёз аз ноҳияи Муъминобод ва ғолиби номинатсияи “Оилаи беҳтарин” аз ҷамоати деҳот оилаи Раҳимов Маҳмадалӣ аз ноҳияи Ховалинг таин гардид.