Имрӯз 21 январи соли 2021, паншанбе мебошад.
Обу ҳаво
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбандаи бебориш буда, шабона 0+2° гарм, рӯзона 17+19° гарм мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои НҶТ туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -1+4°, рӯзона 15+20° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 10-15° хунук, рӯзона 1+6° гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-5° хунук мешавад.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тормеғ (туман)-и тунук мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3° гарм рӯзона 11+13° гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳаво дар водиҳо шабона -1+4°, рӯзона 9+14° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13° хунук, рӯзона 2+7° гарм мешавад.
Дар шаҳри Хоруғ шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 14-16° хунук, рӯзона 0-2° хунук мешавад. Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 хунук, рӯзона -2+3°, дар шарқи вилоят шабона 23-28° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 30-35 хунук, рӯзона 4-9° хунук, дар баъзе минтақаҳо то 12-17° хунук мешавад.
Агентии обуҳавошиносӣ ҳарорати ҳаво дар шаҳри Бохтарро тағйирёбандаи бебориш унвон кардааст. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4° гарм рӯзона 15+17° гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6° гарм рӯзона 13+18° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3°, рӯзона 9+14° гарм мешавад.
ОГОҲӢ! Рӯзҳои 22-23 январи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ якуякбора ноустуворшавии вазъи обу ҳаво дар назар буда, боришот (борон бо гузариш ба барф), 22 январ бошиддат ва дар баъзе ноҳияҳои НТҶ, вилояти Хатлон пуршиддат ба амал меояд.
Бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои намноки баҳримиёназаминӣ ва ҳавои сард аз самти аврупоии Федератсияи Руссия дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии НТҶ бӯрони барфӣ, яхбандӣ, дар роҳҳои нақлиётгард пайдоиши қабати барф ва яхбандӣ аз эҳтимол дур нест. Дар ноҳияҳои водибудаи ҷумҳурӣ часпидани барфи тар ба ноқилҳои барқӣ ва шохи дарахтон дар назар буда, дар роҳҳои нақлиётгард пайдо шудани қабати барф пешгӯӣ мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳии НТҶ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ғарби ВМКБ фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.
Қурби асъор
Барои 21 январи соли 2021 БМТ 1 доллари ИМА-ро баробар ба 11.3000 сомонӣ, 1 евро – 13.6843 сомонӣ ва 1 рубли русӣ ба 0.1531 сомонӣ баробар кардааст.
Тақвими рӯз
21 январи соли 1862 Адам Опел дар шаҳри Рюсселхайми Германия корхонаи истеҳсоли мошинаҳои дӯзандагӣ ифтитоҳ намуд. Соли 1886 ширкати «Опел» истеҳсоли дучарха ва соли 1899 истеҳсоли мошинро сар кард ва ҳоло яке аз ширкатҳои машҳуртарин дар ҷаҳон мебошад;
Соли 1932 дар Остона аввалин шумораи рӯзномаи «Ҳақиқати Қазоқистон» («Казахстанская правда») нашр шуд;
Ҳамин рӯзи соли 1954 дар ҷаҳон нахустин маротиба бомбаи атомии зери обӣ сар дода шуд;
21 январи соли 2000 нахустин шумораи ҳафтаномаи “Азия-Плюс” аз чоп баромад;
Дар ҳамин рӯзи соли 2004 Парлумони Тоҷикистон ба қонун “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” тағйирот ворид кард, ки мувофиқи он муҳлати хизмати ҳатмии ҳарбӣ барои хатмкунандагони донишгоҳҳо аз 18 ба 12 моҳ поин оварда шуд.
Бояд гуфт, ки дирӯз низ дар Парлумон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» барраси гардид. Лоиҳаи Қонуни зикршуда аз 10 боб ва 62 модда иборат буда, бо мақсади мутобиқ намудани он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», инчунин пурра ба танзим даровардани муносибатҳои хизмати ҳарбӣ, аз ҷумла даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, таҳия ва пешниҳод гардидааст.
21 январи соли 2011 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд;
Имрӯз дар Лаҳистон Рӯзи бибӣ (модаркалон), дар Беларус Рӯзи қӯшунҳои муҳандисӣ, дар Русия Рӯзи аспирантон ва дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии оғӯш таҷлил карда мешавад.