Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе имсол Олимпиадаи даставии «Истеъдод» ва Олимпиадаи хонандагон аз фанни технология (таълими меҳнат)-ро доир карданист.
Гуфта мешавад, ки Олимпиадаи даставии «Истеъдод» барои хонандагони синфҳои 7-11 муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе вобаста ба фанҳои табиӣ — риёзӣ дар як давр (даври шаҳрӣ) гузаронида мешавад. Олимпиада бо мақсади дарёфти хонандагони болаёқат ва рушди қобилияти зеҳнӣ ва эҷодии онҳо, ташвиқи хонандагони боистеъдод ба корҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва ихтироъкорӣ, ташаккули тафаккури илмӣ ва мантиқии хонандагон, бедор намудани завқи онҳо дар ҳалли масъалаҳои ғайриодӣ, мусоидат намудан ба хонандагон дар интихоби бошууронаи касб ва давом додани таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот ташкил карда шудааст. , – омадааст дар хабари “Ховар”.
Тавре масъулин ба “Ховар” иттилоъ додаанд, масъулин баргузории олимпиадаҳо ба зиммаи Муассисаи давлатии «Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе» ва марказҳои рушди истеъдодҳои ноҳияҳои пойтахт гузошта шудааст.