Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии идона баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ роҳбарияти вилоят, намояндагони мақомоти давлатӣ, кормандони касбу кори гуногун, ҷавонону донишҷӯён, омӯзгорон ва сокинони шаҳр иштирок карда, бо парчамҳои миллӣ дар даст эҳтироми худро ба яке аз муқаддасоти давлатдорӣ ифода намуданд.
Пас аз роҳпаймоӣ дар майдони Исмоили Сомонӣ барномаи тантанавию фарҳангӣ баргузор гардид.
Сафармои М.
