Имрӯз душанбе буда, аз соли 2021 4 рӯз сипарӣ гашт.
Обу ҳаво
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар шаҳри Бохтар ҳаво камабри бебориш шуда, туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 5-7° хунук, рӯзона 0+2° гарм мешавад. Дар шаҳри Кӯлоб ҳарорати ҳаво шабона 5-7° хунук, рӯзона 0+2° гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон бошад, ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5-10° хунук, рӯзона 0+5° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво 4-9 хунук, рӯзона 4+9° гарм мешавад.
Дар шаҳри Хоруғ шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 16-18° хунук, рӯзона 3-5° хунук мешавад. Гуфта мешавад, ки дар Мурғоб ҳарорати ҳаво шабона 30-32° хунук, рӯзона 14-16° хунук мешавад. Ҳамин тавр, дар ВМКБ – Ҳавои тағйирёбанда буда, дар баъзе ноҳияҳо камабри бебориш. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 14-19 хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво 2-7° хунук, дар шарқи вилоят шабона ҳарорати ҳаво 30-35 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 45-50 хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво 14-19° хунук мешавад.
Коршиносони обуҳавосанҷӣ ҳавои шаҳри Хуҷандро бебориш гуфтаанд. Ҳарорати ҳаво шабона 4-6° хунук, рӯзона 0+2° гарм мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳои вилояти Суғд шабона 2-7° хунук, рӯзона 0+5° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11-16° хунук, рӯзона 1-6° хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш, тумани тунук мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 5-7° хунук, рӯзона 6+8° гарм мешавад. Дар НТҶ ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4-9° хунук, рӯзона 4+9° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 хунук, рӯзона -2+3°, дар баъзе ноҳияҳо то 5-10 хунук мешавад.
Қурби асъор
Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА — 11.3000 сомонӣ;
1 евро – 13.8674 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1506 сомониро ташкил медиҳад.
Тақвими рӯз
- 4 январи соли 1963 шаҳри Қайроққум (ҳоло Гулистон) таъсис дода шуд. Шаҳри Гулистон дар вилояти Cуғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масофаи беш аз 19 километр шарқтар аз шаҳри Хуҷанд, дар соҳили ғарбии обанбори Баҳри тоҷик воқеъ аст. Гулистон ҳамчун маркази саноатӣ, мардуми касбу кори гуногун – қолинбофону моҳидорон, геологҳову нақбканон, металлургҳову сохтмончиён ва барқчиёнро дар канори худ муттаҳид намудааст. Дар қаламрави шаҳр 33 корхонаи саноатӣ, беш аз 250 муассиса ва ташкилотҳо, корхонахои хурд ва ширкатҳо фаъолият дошта, зиёд аз 47-тои онҳо ташкилотҳои буҷетӣ мебошанд.;
- Соли 1964 дар корхонаи истеҳсоли яхдони шаҳри Душанбе аввалин маротиба яхдони тамғаи «Помир» истеҳсол карда шуд;
- Соли 2010 дар Дубай маросими ботантанаи ба истифода додани баландтарин бинои ҷаҳон- Бурҷи Халиф баргузор гардид;
- 4 январи соли 2018 Тоҷикистон дар раддабандии Ташкилоти байналмилалии «British Backpacker Society» аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ ба даҳгонаи аввали кишварҳои беҳтарини ҷаҳон шомил шуда, мавқеи 7-умро ишғол намуд;
- Имрӯз рӯзи таваллуди Луи Брайл – педагоги франсуз, ки барои нобиноён алифбо сохтааст;
- 4 январ ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии Нютон.