Чӣ мушкилӣ доред? То 5 рӯзи дигар вакилон ба пеши халқ мераванд

konibodom.tj

Бар асоси дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 9 январи соли ҷорӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон мулоқот менамоянд.

Аз Парлумони кишвар хабар доданд, ки дар ин муддат вакилони мардумӣ ба назди интихобкунандагони худ ба вилоятҳои Хатлону Бадахшону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар намуда, доир ба масъалаҳои рӯзмараи мардум, аз ҷумла  роҷеъ ба дастовардҳои корӣ, мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст суханронӣ менамоянд.

“Инчунин вазъи сиёсати дохилию хориҷии кишвар, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, ҷалби бештари сармоя, рушди устувори соҳибкорӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки тараққиёти мамлакат манзури нтихобкунандагони кишвар қарор мегирад.

Вакилони мардумӣ дар ҳар як нишаст дар баробари андашаҳои таҳлилӣ ва баррасии фаъолияти вакилии худ, ҳамзамон ба саволу дархости интихобкунандагон посух мегӯянд”, – гуфта шудааст дар хабар.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *