Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор шуд. Ҳадафи он таҳкими сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва тақвияти ҳамкории сохторҳои дахлдор арзёбӣ мегардад.
Дар ҳамоиш муовини Сарвазири мамлакат, намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллӣ ва шарикони рушд иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдаконро баррасӣ карданд.
Аз ҷумла, татбиқи Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2026–2030, таъмини адолати судӣ, амнияти кӯдакон дар муҳити рақамӣ ва дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ аз мавзуъҳои асосии форум буданд.
