26 ноябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе, дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe», Форуми сеюми байналмилалии соҳаи саноати кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон баргузор мегардад. Чорабинӣ таҳти сарпарастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилкунандаи он мебошад.
Вобаста ба баргузории форум дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма брифинг баргузор гардид.
Зимни брифинг сардори Раёсати саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо Абубакр Пиров таъкид намуд, ки форум ҳамчун майдони байналмилалӣ барои муаррифии иқтидори кӯҳию металлургии кишвар, баррасии имкониятҳои сармоягузорӣ ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди корхонаҳои ватанӣ бо шарикони хориҷӣ хизмат хоҳад кард.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки таваҷҷуҳи асосӣ ба имкониятҳои азхудкунии захираҳои маъдании кишвар, рушди истеҳсоли металлҳои ранга ва дурнамои ҳамкорӣ дар самти истихроҷу коркарди маъданҳои дорои аҳаммияти ҳаётан муҳим равона карда мешавад.
Яке аз ҳадафҳои муҳими форум ба роҳ мондани муколамаи мустақим байни сохторҳои давлатӣ, соҳибкорон ва сармоягузорон ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ҷалби сармоя ба соҳа мебошад. Баргузории ин чорабинӣ ба татбиқи ҳадафҳои саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини рушди устувори соҳа мусоидат хоҳад кард.
Интизор меравад, ки дар форум вазирон ва муовинони вазирони саноати Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон иштирок намоянд.
Ш. Аҳмад
