Таваллуди аввалин панҷгоник дар Тоҷикистон

акс аз саҳифаи РО

Дар Тоҷикистон аввалин панҷгоник ба дунё омаданд ва гуфта мешавад, ки модари кӯдакон сокини 30-солаи ноҳияи Қубодиён буда, вазъи саломатии навзодҳо хуб аст.

Тавре сомонаи РО менависад, Дилноза Мамадова, ки интизори фарзанди сеюмаш буд, якбора панҷгоник – 2 писару 3 духтар бо вазни аз якуним то ду килограм ба дунё овардааст. Ин панҷгоник рӯзи 30 декбар дар Зоишгоҳи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе таваллуд шуда, вазъашон хуб арзёбӣ мешавад. Ба гуфтаи табибон модари навзодон ду моҳи ахир зери назорати табибони ин зоишгоҳ қарор дошт ва бист рӯзи гузашта дар таваллудхона бистарӣ буд.

Манбаъ ҳамчунин афзудааст, ки таваллуди панҷгоник дар Тоҷикистон бесобиқа аст. Дар гузашта чанд мавриди таваллуди сегонику чоргоникҳо дар Тоҷикистон сабт шуда буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *