
Кормандони милитсия марди 29 ва ҷавони 24-солаи сокинони шаҳри Исфараро бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карданд.
Ба иттилои маркази матбуотии ВКД ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурдагон 5 ҳазору 700-дона маводи тарфгарии коршоями намуди «Британик» дарёфт ва гирифта шуд. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 199 иловаи 1 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд.
Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурда 19 ҳазору 600-дона маводи тарфгарии намуди «Х-201 ва Микки Маус» дарёфт ва гирифта шуд.
Кордзанӣ
Кормандони милитсияи ноҳияи Ҷ.Расулов марди 34-солаи сокини ҳамин ноҳияро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карданд.
Гуфта мешавад, ки номбурда 19 декабри соли 2020 дар назди ҳавлии истиқоматиаш бо бародарони худ ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 1-маротиба ба шиками марди 32-сола зада, ба ӯ зарари вазнин ба саломатӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.