Дар озмуни телевизионии «Бо тамоми овоз» («Во весь голос 2020») тоҷикдухтар – Паричеҳра Камолова аз миёни 10 нафар довталабони даври ниҳоии озмун дар байни духтарон сазовор мақоми аввал гардид.
Дар озмуни мазкур дастаҳои ҳунарӣ аз Россия ва дигар кишварҳои ИДМ ва аз Исроил иштирок намуданд. Дастаи Росия беҳтарин даста ва гурӯҳи JAM аз Қазоқистон беҳтарин гурӯҳи ҳунарӣ дониста шуда, унвони беҳтарин овозхон дар байни писаронро Ефим Рабинович аз Исроил ба даст овард.
Тавре «Ховар» хабар додааст, oзмуни «Бо тамоми овоз» ( «Во весь голос») имсол бори чорум аст, ки баргузор мегардад. Намояндагони Тоҷикистон қаблан ҳам дар ин озмун пирӯзӣ ба даст оварда буданд. Аз ҷумла, Амал Ҳафизова дар мавсими аввали ин озмун дар соли 2017 беҳтарин овозхон дар байни духтарон дониста шуд ва Афзалшоҳ Сафарзода соли 2018 дар мавсими дуюм унвони беҳтарин овозхон дар байни писаронро ба даст оварда буд.
Бояд гуфт, ки озмуни мазкурро телевизиони «Мир» ролҳандозӣ намудааст ва имсол барои интихоби номзадҳо ба дастаи Тоҷикистон барои иштирок дар ин озмун як мусобиқоти миллӣ доир карда буданд, ки тавассути ТВ «Баҳористон», шабакаи телевизионии махсуси кӯдакону наврасон намоиш дода шуд.