Бозиҳои соҳилии Осиё баргузор намешаванд

Бозиҳои соҳилии Осиё ба далели пандемияи коронавирус бори дуюм мавқуф гузошта шуданд.

Дар ин бора Шӯрои олимпии Осиё (OCA) дар як изҳороти худ гуфтааст, ки  ин чорабинӣ дар санаҳои пешбинишуда – аз 2 то 10 апрели соли 2021 – баргузор нахоҳад шуд. Дар аввал бозиҳо мебоист аз 28 ноябр то 6 декабри соли 2020 баргузор мешуд. “Қарори кумитаи иҷроияи OCA пас аз муҳокима байни OCA, Кумитаи олимпии Чин ва Кумитаи тадорукоти Бозиҳои соҳилии Саня, бо мақсади манфиатҳои умумии ҳама кумитаҳои миллии олимпии марбута ва таъмини амният ва саломатии варзишгарон ва иштирокчиён, қабул шуд”, – омадааст дар изҳороти OCA.

Саня, ки дар ҷануби ҷазираи Ҳайнани Чин ҷойгир аст, мебоист шашумин мизбони Бозиҳои соҳилии Осиё бошад. Интизор меравад, дар ин чорабинӣ беш аз 2000 варзишгари 40 давлат иштирок ва аз рӯи 19 намуди варзиш қувваозмоӣ кунанд. Буфта мешавад, ки OCA моҳи августи соли равон пас аз он ки Ҳукумати Чин аксари чорабиниҳои варзишии байналмилалиро дар соли 2020 дар робита ба бӯҳрони ҷаҳонии тандурустӣ манъ кард, эълон дошт, ки ин чорабинӣ ба соли 2021 гузаронида шуд. Ба иттилои ОСА, санаи нави бозиҳо пас аз машварати муштараки ҷонибҳои манфиатдор муайян карда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *