Кай таътил мешавад ва чанд рӯз?

Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд.

таътили зимистона аз 1 январи соли 2021 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда, то 10 январ идома меёбад. Ин таътил танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва омодагӣ ба озмуни «Муаллими сол», гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагон  барои мутолиа дар соли хониш рӯйхати 299 номгӯй адабиёт, аз қабили адабиёти бадеӣ, муосир, ҷаҳонӣ, инчунин асарҳои назмию насрӣ пешниҳод гардидааст. Онҳо метавонанд дар давраи таътил ба мутолиаи ин китобҳо машғул шаванд. Вазорат аз ҳамаи падару модарон даъват ба амал меорад, ки дар таътили зимистона  назорати ҷиддӣ баранд, ки фарзанди онҳо ба чӣ кор машғул мебошанд. Монеи оворагардӣ  ва сарфи беҳудаи вақти онҳо дар кӯча ва марказҳои интернетӣ гарданд.

Бояд гуфт, ки дар ин давра дар тамоми  муассисаҳои таҳсилоти умумӣ  олимпиадаи ҷумҳуриявӣ доир мегардад, ки хонандагон ба он омодагӣ мегиранд. Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон ҳамасола дар таътили зимистона доир мешавад. Он моҳи ноябр дар байни мактаббачагон  гузаронида шуда, сипас дар сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *