Вазири нақлиёти кишвар, Азим Иброҳим аз сари вақт тоза нагардидани роҳҳо аз барф дар ҷаласаи назоратӣ изҳори нигаронӣ кард.
Азим Иброҳим ҳамчунин ба тағйирёбии ҳарорати ҳаво ишора карда, ба масъулини соҳа қатъиян супориш дод, ки пайваста дар ҳолати омодабош қарор дошта, техникаву механизмҳои роҳнигоҳдорӣ бояд пайваста омодаи кор бошанд. Барои ба саҳлангорӣ роҳ додан ва бо айби муассисае агар ҳаракати нақлиёт дақиқае банд гардад, мутасаддиён ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
«Дар ин робита, барои саривақт тоза накардни роҳ ва истифода набурдани маводи зиддилағжиш дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Қалъаихум- Хоруғ, дар минтақаи Ваҳдат – Норак, ки боиси банд гардидани ҳаркати нақлиёт шуд, сардори ИХРА-и минтақаи Ҳисор Самад Салим аз вазифа озод гардида, ба сардори МДНРА – и ноҳияи Ваҳдат Карим Расулов ва сардори шуъбаи банақшагирии Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо Эгамбердӣ Хӯҷаев танбеҳ дода шуд», – омадааст дар сомонаи Вазорат.
Ба мушоҳидаи вазири нақлиёт ҳанўз ҳам ронандаҳо бо чархҳои тобистона (капронӣ), бе занҷиру бел ва ҳатто бе омода будани мошинашон ба зимистон ба сафар мебароянд. Воситаи нақлиёташон дар роҳ ё вайрон мешавад ё ба ағабаҳо баромада натавониста, ҳаракати нақлиётро банд мекунад. Баъзан дар ин масъала нозирони роҳ ҳам хунукназарӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, ки барои фаъолияти мунтазам ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳо дар ин давра дар муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард 548 техника омода карда шудаанд.