Нахустнашри даҳҳо нусхаи қадимтарини “Девон”-и Камол

Барои муҳаққиқон ва ҳамаи дӯстдорони илму адаби тоҷик “Девон”-и Камоли Хуҷандӣ нашр гардид.

Матни илмӣ-интиқодии “Девон”-и Камоли Хуҷандӣ бар асоси беш аз шаст дастхати ашъори ў аз ҷониби профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Фахриддин Насриддинов тасҳеҳ ва нашр ёфта, дар он даҳҳо нусхаи қадимтарини “Девон”-и Камоли Хуҷандӣ, ки то имрӯз дар нашрҳои интиқодии ашъори ӯ истифода нагардида буданд, мавриди муқобала, нақду таҳлил ва омӯзиши амиқ қарор гирифтаанд. Дар ин нашр он нусхаҳо ба эътибор гирифта шуда, ки дар дусадсолаи аввал пас аз вафоти шоир, яъне дар асрҳои XV-XVI, китобат гардидаанд. Дар ин тасҳеҳ, илова ба нусхаҳои куҳани Тоҷикистон, нусхаҳои муътабари кишварҳои Туркия, Ҳиндустон, Покистон, Миср, Олмон, Амрико, Озарбойҷон, Русия, Шветсия, Узбекистон истифода шудаанд.

«Китоби мазкур аз ду ҷилд ва 1432 саҳифа иборат буда, ҷилди аввал шомили муқаддимаи мусаҳҳеҳ (саҳ. 3-94), қасоид ва ғазалиёт аст. Ҷилди дуюм фарогири идомаи ғазалиёт, муқаттаот, рубоиёт, мулҳақот, таълиқот ва феҳристҳо мебошад», гуфта шудааст дар хабари маркази матбуотии вилояти Суғд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *