Имрӯз панҷшанбе, 24 декабри соли 2020 аст. То интиҳои сол 7 рӯзи дигар боқӣ мондааст.
Обу ҳаво
Ба таваҷҷуҳи сокинони шаҳри Бохтар мерасонем, ки 24 декабр ҳарорати ҳаво шабона 0+2° гарм, рӯзона 11+13° гарм мешавад. Ҳавои шаҳри Кӯлоб бошад, тағйирёбандаи бебориш шуда, шабона 0+2° гарм, рӯзона 10+12° гарм мешавад. Дар водиҳои вилояти Хатлон шабона -1+4°, рӯзона 8+13° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво 0-5 хунук, рӯзона 5+10° гарм мешавад.
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар шаҳри Хоруғ ҳаво шабона 11-13° хунук, рӯзона 3-5° хунук мешавад. Дар Мурғоб бошад, ҳаво тағйирёбанда буда, шабона 26-28° хунук, рӯзона 13-15° хунук мешавад. Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15 хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво 1-6° хунук, дар шарқи вилоят шабона ҳарорати ҳаво 30-35 хунук, (дар мавзеи Булункӯл 43-45 хунук), рӯзона 9-14° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 16-21 хунук мешавад.
Сокинони шаҳри Хуҷандро имрӯз ҳавои тағйирёбандаи бебориш интизор аст. Тумани тунук мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона -1+1°, рӯзона 4+6° гарм мешавад. Ҳамин тавр, дар вилояти Суғд ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -3+2°, рӯзона 2+7° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9° хунук, рӯзона 1+6° гарм мешавад.
Тибқи маълумоти агентии обуҳавошиносӣ ҳаво дар шаҳри Душанбе шабона -1+1°, рӯзона 9+11° гарм шуда, дар НТҶ ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳо туман пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -3+2°, рӯзона 7+12° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10° хунук, (дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 хунук), рӯзона 0+5 гарм мешавад.
Қурби асъор
Бонки миллии Тоҷикистон 24 декабри соли 2020 қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ чунин муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА — 11.3000 сомонӣ;
1 евро – 13.7555 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1495 сомониро ташкил медиҳад.
«Берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».
Тақвими рӯз
24 декабри соли 1932 корҳои бунёдии роҳи Душанбе Қурғонтеппа (Бохтар) ба анҷом расид;
24 декабри соли 1969 дар Иттиҳоди Шӯравӣ гурӯҳи ташаббускор оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон таъсис дода шуд;
Имрӯз дар Ливия Рӯзи истиқлолият ва дар Молдова Рӯзи Конститутсия таҷлил карда мешавад;
Арчаи сабзу зебое, ки бо 6 ҳазор бозича ва 85 ҳазор ороишот дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе соли 2019 қомат афрохта буд, ба рейтинги даҳгонаи баландтарин ва асоситарин арчаҳои солинавии пойтахтҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил шуд;