Тӯҳфаи Пешвои миллат ба сокинони Хоруғ ҳам расид

Сокинони шаҳри Хоруғ низ соҳиби шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров – китоби “Тоҷикон”

шуданд.

Ин китоб, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як хонаводаи кишвар тақдим карда мешавад, рӯзи 23 декабр аз тарафи гурӯҳи корӣ ҳадя гашт.

Ба иттилои манбаъ ҳадяи Пешвои миллатро намояндагон аз Дастгоҳи иҷрои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илм, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хорӯғ ба сокинон тақдим  намуданд. Сокинони шаҳри Хорӯғ аз иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар изҳори хушнудӣ намуда, миннатдорӣ ва самимияти беандозаи худро баён доштанд.

«Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки ҳайати гурӯҳи кории ҳукуматӣ бо сокинони шаҳри Хорӯғ вобаста ба масъалаҳои истифодаи босамари заминҳои наздиҳалигӣ, сарфаи неруи барқ, таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи донишандӯзӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ, фарҳангпарварӣ ва созандагиву бунёдкорӣ, риояи ќоидањои бењдоштї ҳамсуҳбат шуданд», – омадааст дар хабар.

Хотирасон мешавем, ки то имрӯз ин китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров ба сокинони ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Мурғоб, Шуғнон ва Рӯшони ВМКБ супорида шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *