Бо қабули хабари оташ гирифтани толори «Гулистон»-и «Кохи Наврӯз» аз тарафи нуқтаи маркази алоқаи сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи ҷадвали баромадҳо бо даъвати №3, қувваву воситаҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва хадамотҳои ҳамоҳангсозӣ фавран ба маҳалли баргузории машқи оташнишонӣ сафарбар карда шуданд.
Ин сенарияи машқи тактикӣ-оташнишонии сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷузъу томҳои он буд, ки бо мақсади таҳкими вазъи бехатарӣ аз сӯхтор ва сайқал додани маҳорати касбию дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳолати омодабошии кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва хадамотҳои ҳамоҳангсозӣ амалӣ шуд.
Тавре маркази матбуотии ВКД хабар додааст, дар кӯтоҳтарин муддат ҳайати роҳбарикунанда ва шахсии Хадамоти давлатии оташнишонӣ бо миқдори зарурии нақлиётҳои асосию махсус, инчунин кормандони раёсату шуъбаҳои мухталифи мақомоти корҳои дохилӣ, шабакаҳои барқу газ, обу корезӣ, ёрии таъҷилии тиббӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдори ҳамоҳангсозӣ низ ба ҷойи таъин гардида, ҳозир шуданд. Барои пешгирии роҳҳои паҳншавии оташ, рафъи пурраи сӯхтор ва наҷоти молу мулк дар «Кохи Наврӯз» 4 минтақаи муҳорибавӣ ташкил карда, қувваву воситаҳо сари вақт сафарбар карда шуданд.
«Инчунин барои муайян намудани сабаб, гунаҳгор ва зарари расонида шуда, бо роҳбарии муовинони сардори СХДО ВКД полковники хизмати дохилӣ Маҳбуб Маҳмудзода аз ҳисоби мутахассисони Шуъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор, Шуъбаи илмӣ-татқиқотии Сарраёсат ва дигар ниҳодҳои дахлдор гурӯҳи таҳқиқотӣ таъсис дода шуд», – омадааст дар хабар.
Бояд гуфт, ки дар асоси талаботи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷузъу томҳои он ба ташкил ва гузаронидани машқҳои амалии тактикӣ-оташнишонӣ дар иншооти муҳими давлатӣ, муассисаву ташкилот ва корхонаҳои шакли моликияту мансубияташон гуногун, бозору марказҳои калони савдо, ҷойҳои оммавӣ ва биноҳои баландошёна диққати махсус зоҳир намуда, ҷиҳати таҳкими вазъи бехатарӣ аз сӯхтор дар мавсими зимистон дар онҳо чораю тадбирҳои иловагии зиддисӯхториро роҳандозӣ менамоянд.