Россия: Муносибати ИМА тағйир накардааст

Федератсияи Россия то ҳанӯз масъалаи муносибатҳо бо президенти тозаинтихоби ИМА Ҷо Байденро рӯйи даст нагирифтааст.

Дар ин бора сухангӯйи президенти ФР Дмитрий Песков дар посух ба саволи рӯзноманигорон гуфтааст, ки Кремл то ҳанӯз ҳеҷ як тағйироти мусбиро аз тарафи ҳамтоёни нави амрикояш эҳсос намекунад. «Тавре мебинед, то ҳол  ИМА таҳримҳои худро нисбати мо набардоштааст ва мо ҳеҷ як ҳаракати умедворкунандаро аз президенити нави ИМА Ҷо Байден надида истодаем», – гуфтааст сухангӯйи президенти ФР Дмитрий Песков.

Вобаста ба таҳримҳои ИМА алайҳи Россия бояд гуфт, ки пеш аз интихоботи имсолаи ИМА Reuters хабар дода буд, ки одамони Ҷо Байден масъалаи таҳримҳои нав бар зидди Россия баъд аз интихоботи президентиро баррасӣ намудаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *