Харитаи мукаммали ёдгориҳои таърихии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳудуд ва макони ҷойгиршавии ёдгориҳоро дақиқ муайян мекунад.
Тавре АМИТ ба “Ховар” иттилоъ додааст, мутахассисони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бори аввал харитаи мукаммали ёдгориҳои таърихии шаҳру ноҳияҳои мамлакатро омода менамоянд, ки дар он ҳудуд ва макони ҷойгиршавии ёдгориҳо дақиқ муайян мегардад. Ин имкон медиҳад, ки дар макони ҷойгиршавии ин ёдгориҳо ҳангоми тақсими замин ҳудуди онҳо ба назар гирифта шуда, чун замини кишт ё қитъаи наздиҳавлигӣ истифода нашаванд.
Бояд гуфт, ки бостоншиносон таҳияи харитаи мазкуро бо мақсади ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ рӯи кор гирифтаанд ва то имрӯз харитаи ёдгориҳои таърихии ноҳияҳои Ёвон, Ҷалолиддини Балхӣ, шаҳри Ҳисор ва Помири Шарқиву Ғарбиро омодаву чоп намудаанд. Харитаи ёдгориҳои ноҳияҳои Ёвон, Данғара, Темурмалик, Муъминобод ва Фархор низ барои чоп омода шудаанд.