Қиморхона дар Вахш
Кормандони милитсия дар ноҳияи Вахш марди 40-соларо дастгир карданд, ки барои ташкил ё нигаҳдошти ғайриқонунии қиморхона гумонбар шудааст.
Гуфта шудааст, ки номбурда хонаи истиқоматиашро ба қиморхона табдил дода, сокинони ноҳияи мазкурро ба хонааш даъват карда, ба онҳо барои бозӣ кардани қимор шароит муҳайё намудааст. Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 240 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Қаллобии сокини ноҳияи Б. Ғафуров
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи ноҳияи Б.Ғафуров ҳамчун муттаҳам ба амали қаллобӣ дастгир карданд.
Ин ҷавон бо он гумонбар мешавад, ки санаи 1 сентябри соли 2020 худро ҳамчун фурӯшандаи масолеҳи сохтмонӣ дар бозори «Баракат»-и ноҳияи Б.Ғафуров муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб барои дар давоми 1-ҳафта ба сокини ноҳияи Вахш фиристодани 30-тонна арматура, тавассути бонки «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, аз охирон ба маблағи 195 ҳазор сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Қаллобӣ дар бозори чорво
Инчунин, аз ҷониби кормандони милитсия сокини шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Ӯ чанде пеш дар бозори чорвои шаҳри мазкур бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз ӯ 22 сар чорвои майдаи шохдорро ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда, гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Кордзанӣ дар меҳмонхона
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитисия марди 51-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Маркази матбуотии ВКД дар шарҳи хабар мегӯяд, ки номбурда, 15 декабри соли 2020 дар меҳмонхонаи шаҳри Хуҷанд бо ҳамдеҳааш ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба қисми шикамаш задааст, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.