Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мубориза барои «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи дон0ӣ китоб аст», ки ба ин давр 12 нафар иштирокчиёни мавқеъҳои аввалро аз рӯи номинатсяҳои озмун соҳибшуда роххат гирифа буданд, баргузор гардид.
Тибқи низомномаи Озмун нафароне, ки дар номинатсияҳои озмун мавқеи аввалро сазовор мешаванд, ба иштирок ба даври «Шоҳҷоиза» роҳ дода мешаванд. Дар ин рақобати зеҳнӣ аз 12 нафар танҳо 5 нафарашон бо хоҳиши худ иштирок карданд. Инҳо Гулбаҳор Раҳимова, Рухшона Норова, Раъно Насриддинова, Нушофарин Хидирова ва Сарфарозиддин Иморуддинов мебошанд. Иштирокчӣ дар давраи «Шоҳҷоиза» Гулбаҳор Раҳимова мегӯяд, ки ман бовар надоштам то ин давр расам, ҳатто барои иштирок дар “Шоҳҷоиза” омода набудам ва такя ба дониши андӯхтаам кардам.
Раъно Насриддинова, ки дар даври “Шоҳҷоиза” роҳхат гирифтааст пас аз баромадан аз назди ҳакамон гуфт, ки Соли гузашта низ ман дар ин даври ифтихори мубориза бурдам, аммо сазовори “Шоҳҷоиза” нагаштам, аз ин рӯҳафтода нашуда, имсол низ иштирок кардам. Мақсад аз иштироки ман дар Озмуни «Фуруғи субҳи донои китоб аст» ин “Шоҳҷоиза” гирифтан набуда, балки сазовори баҳои халқ гардидан аст.
Яке аз ҳайати ҳакамон ба даври “Шоҳҷоиза” Ато Мирхоҷа мегӯяд, ки “Шоҳҷоиза” ин муҳимтарин ҷоизаи Озмуни «Фуруғи субҳи донои китоб аст» буда, нафаре сазовор он шуда метавонад, ки ҳусни таваҷҷӯҳи ҳайати ҳакамон ва халқро ба худ ҷалб карда тавонад. Ровии хуб бошад, сухани худро ба мардум расонида тавонад ва дониши амиқ дошта бошад. Ғолиб ҳамон нафаре мегардад, ки ҳафтод дар сади шартҳои Озмунро иҷро кунад.
Тибқи маълумоти масъулини Озмун супоридани “Шоҳҷоиза” ба ғолиби Озмуни «Фурӯғи субҳи донои китоб аст» пагоҳ соати 17 дар толори Театри опера балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад. Он ҷо ғолибони ниҳоии Озмун дар байни омма аз ҷониби ҳайати ҳакамон муаррифӣ хоҳад шуд.
Гулрӯ Ниёзова
радиои “Тоҷикистон”