Нақши ВАО дар таъмини сулҳу суббот

акс аз интернет

Имрӯз дар Академияи ВАО-и Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи «Нақши ВАО дар таъмину сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ» баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур раиси Ҳаракати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, собиқадорон ва намояндагони  Кумитаи телевизион ва радиои ҶТ ширкат доштанд.

Чорабинии мазкурро директори муассисаи Академияи ВАО-и Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода ифтитоҳ намуда зикр намуд, ки Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон созмони ҷамъиятиест, ки ҳадафи асосиаш  таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, оштиву муҳаббат ва ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ  мебошад.

Дар идомаи ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам иброз дошт, ки пирӯзии ваҳдати миллӣ бешубҳа барои мо тоҷикон ва  тоҷикистониён дар баробари падидаи  нодири миллӣ будан, инчунин дастоварди бузурги сиёсӣ-таърихӣ ба ҳисоб меравад. Номбурда дар идомаи гуфтаҳояш зикр намуд, ки маҳз бо ҷонфидоиҳои Раиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ваҳдати миллӣ ба ҳайси ҷузъи таркибии суннати устувори таҳаммулгароӣ дар пешрафти рушди пайгиронаи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон эҳсос мегардад.

Дар идомаи ҳамоиш қайд гардид, ки  дар самти расидан ба ҳадафҳои олии кишвар ва ноил шудан ба консепсияи миллӣ ҳар яки моро зарур аст, ки дастовардҳои даврони истиқлолро ҳадафмандона таҳлил карда, онҳоро аз рӯйи меъёрҳои муосири илмӣ баҳогузори намоем. Ҳамчунин ба дастовардҳоямон саргарм нашуда, барои рафъи камбуди ва норасоиҳои ҷомеа аз як гиребон сар бароварда, барои боз ҳам ободу шукуфон гардидани Ватани азизу маҳбубамон ҳиссаи арзандаи худро гузорем.

Ширин Иноятова,

радиои Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *