Беморие, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст ин синдроми фарбеҳӣ буда, барои пешгири намудани он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024”-ро қабул намуд. Мақсад аз қабули ин барнома таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намудан ҷиҳати пешгирии бемории фарбеҳӣ мебошад.
Мувофиқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ имрӯз дар дунё тақрибан 2 милиард аҳолии аз 18 сола боло мубталоии зиёдвазнӣ гаштаанд. Аз ин шумора тақрибан шашсаду панҷоҳ милионашон ба бемории фарбеҳи гирифторанд. Имрӯз аз рӯи хуллосабарории мутахассисони соҳаи тиб муайян гардидааст, ки дар Тоҷикистон низ бемории фарбеҳӣ сол аз сол зиёд шудааст. Ғизошинос Чаҳон Азонзод мегӯяд, ки яке аз сабабҳои асасии гирифтор шудан ба ин беморӣ камҳаракати ва пурхурӣ буда ҳамзамон аз меъёр зиёд истеъмол намудани маҳсулоти хӯрокворӣ ва таомҳои дорои миқдори зиёди неру, аз қабили гӯшту маҳсулоти гӯштии серравған, ширу маҳсулоти ширии равғаннокиашон баланд ва аз хуроки шабона худдорӣ намоянд: Дар баробари ин, одатҳои номатлубе, ки омили инкишофи бемории фарбеҳӣ мегарданд, ин тамокукашӣ, аз меъёр зиёд истеъмол намудани машрубот мебошанд. Бемории фарбеҳӣ метавонад ирсӣ низ бошад. Агар падару модари шахс ё дар авлод шахсони ба бемории фарбеҳӣ гирифтор шуда бошанд, аллакай замина барои инкишофи бемории мазкур дар фарзандони онҳо пайдо мешавад -гуфт ғизошинос Чаҳон Азонзод.
Бино ба иттилоъи мутахассисони соҳаи тиб бемории фарбеҳӣ дар миёни аҳолии кишвар 11,3%-ро ташкил медиҳад, ки 4,7%-он дар миёни мактаббачагон ба қайд гирифта шудааст. Ба таъкиди табибон ҷиҳати пешгирии бемории фарбеҳӣ дар баробари дигар корҳо бояд аз хӯрдани хӯрокҳои тезтайёр низ даст кашид ва пайваста ба варзиш машғул шуд.
Гулрӯ Ниёзова,
Радиои Тоҷикистон