Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати хонандагон тадбирҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла, корҳои таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ идома доранд.
Тавре мудири шуъбаи маорифи ноҳия Умед Музаффарзода иттилоъ дод, айни замон дар ноҳия 75 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей, якчанд муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва интернати хонандагони лаёқатманд фаъолият дошта, аксари онҳо аз таъмир бароварда шудаанд.
Бояд гуфт, ки хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмуну олимпиадаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, то имрӯз сазовори 511 медал гардидаанд.
Ҳамзамон, 90 фоизи муассисаҳои таълимӣ бо мизу курсӣ ва дигар лавозимоти хониш таъмин мебошанд. Барои зимистонгузаронӣ низ дар муассисаҳо ангишт, ҳезум, сӯзишвории дизелӣ ва дигар маводи сӯхт захира карда шудааст.
Масъулони шуъбаи маорифи ноҳия тасмим доранд, ки дар оянда низ барои беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва рушди соҳаи маориф тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
