БАРГУЗОРИИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «САЙЁҲИИ УСТУВОР ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ»


Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Дкшанбе баргузор гардид, ки то 18 октябр идома хоҳад ёфт.

Форум дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ ва шарикони рушд ташкил гардида, ба минбари муҳими муколамаи байналмилалӣ, табодули таҷриба, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар табдил ёфт.

Ин чорабинӣ дар айёми таҷлили Иди Меҳргон, ки яке аз ҷашнҳои бостонии мардумӣ мебошад, баргузор гардид ва аз ин рӯ дар доираи он Намоши маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ низ ташкил карда шуд.

Барномаи Форум шаш рӯз буда, дар маҷмӯъ, беш аз 20 чорабиниро фаро гирифта, дар он 2000 нафар меҳмонони хориҷӣ беш аз 60 кишвари олам иштирок доранд.

Форум метавонад барои ташаккули хатсайрҳои нав ва тавсеаи ҳамкориҳо заминаи мусоид фароҳам оварад.

Ш. Аҳмад

радиои “Тоҷикистон”