Имрӯз дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» мизи мудаввар дар мавзӯи «Тасдиқи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон — ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор» баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон» (ИММТ) ташкил гардида, қадами муҳим дар самти таҳкими ҳуқуқу озодиҳои шахсони маъюбиятдошта, рушди ҷомеаи фарогир ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии кишвар дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба ҳисоб меравад.
Ҳадафи асосии чорабинӣ баррасии вазифаҳои аввалиндараҷа ва тадбирҳои амалӣ мебошад, ки барои татбиқи муқаррароти Конвенсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заруранд. Мизи мудаввар бо суханони ифтитоҳии муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва дигар шахсони масъул оғоз гардида, таваҷҷуҳи махсус ба муайян намудани самтҳои амалии татбиқи Конвенсия, таҳкими ҳамкории байниидоравӣ ва рушди шарикӣ миёни сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои шахсони маъюбиятдошта равона карда шуд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки тасдиқи Конвенсия на танҳо қабули уҳдадории муҳими байналмилалӣ, балки имконияти воқеӣ барои суръат бахшидан ба ислоҳоти низомманд ҷиҳати таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробар барои шахсони маъюбиятдошта мебошад. Татбиқи пайгиронаи муқаррароти он ба фароҳам овардани муҳити дастрас, тавсеаи иштироки шахсони маъюбиятдошта дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, таҳсилот ва шуғл мусоидат хоҳад кард.
