12 октябри соли 2026 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, Форуми байналмилалии ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Ҳамкории ҷавонон барои ояндаи устувор: об, пиряхҳо ва иқлим» баргузор гардид.
Дар форум раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, намояндагони Котибот ва Шурои ҷавонони СҲШ, муассисаи илмии соҳавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, инчунин намояндагони Беларус, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Пеш аз ифтитоҳи расмии форум иштирокчиён ва ҳайатҳои расмӣ аз намоишгоҳи мавзуӣ, ки ба об, пиряхҳо, иқлим ва дастовардҳои ҷавонон бахшида шудааст, боздид намуданд.
Дар қисми ифтитоҳӣ баромадкунандагон оид ба «35 соли Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва нақши ҷавонон дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ» ва дастовардҳо суханронӣ намуданд.
Ҳамучнин масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо, захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва нақши ҷавонон дар ҳалли мушкилоти экологӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ш. Аҳмад
