КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАХШИДА БА РУШДИ МУОСИРИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ШАРОИТИ РАҚАМИКУНОНӢ БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Имрӯз бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Стратегияи муосири соҳаи маориф дар шароити рақамикунонӣ, таҳсилоти фарогир ва муколамаи тамаддунҳо» баргузор мегардад.

Ҳамоиш бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш баён гардиданд, ташкил шудааст.

Тавре ноиби президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова иттилоъ дод, ба конференсия беш аз 90 гузориши илмӣ пешниҳод гардидааст, ки дар шакли маҷмуа ба табъ расида, ба иштирокчиён тақдим карда мешаванд.

Олимону коршиносони ватаниву хориҷӣ масъалаҳои рақамикунонии соҳаи маориф, таҳсилоти фарогир ва муколамаи тамаддунҳоро баррасӣ намуда, ҷиҳати татбиқи стратегияи муосири соҳа ва рушди минбаъдаи он тавсияҳо пешниҳод мекунанд.

Конференсия ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он таҳаввулоти соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолӣ ва дурнамои рушди он баррасӣ мегардад.